Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Ашӯр ИРС-ро ба иҷрои дархост даъват кард


Куммиссиюни хадамоти зидди монополии назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи риоят накардани қонунҳои ин кишвар аз тарафи ширкати Инноватив Роуд Солюшин тасмими худро эълон кардааст. Дар ин бора хабаргузориҳои Тоҷикистон аз номи Хадамоти зидди монополии Тоҷикистон хабар додаанд. Ин ширкат бо ҷамъоварии маблағи роҳ аз мошинҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ машғул аст. Амонулло Ашӯр-раиси Хадамоти зидди монополӣ гуфтааст, агар ширкати Инноватив Роуд Солюшин аз иҷрои дархости Куммиссиюни хадамоти зидди монополии назди ҳукумати Тоҷикистон дар давоми як моҳ сарфи назар кунад, дар он сурат Хадамоти зидди монополӣ ба Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG