Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон иқдоми Эрон, Туркия, Бразилияро "хатарнок"хонд


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз иқдоми Бразилия ва Туркия интиқод кард, ки дар бораи иваз кардани сӯхти ҳастаии Эрон ба тавофуқ расидаанд. Хонум Клинтон ин ибтикорро "хатарнок" арзёбӣ кард. Вай рӯзи сешанбе дар Вошингтон гуфт, ба назари давлати Обама ин задубанд ба Эрон имкон медиҳад, ки аз ваҳдати байналмиллалӣ бар зидди барномаҳои ҳастаиаш сарфи назар кунад. Хонум Клинтон гуфт,ин иқдоми Бразилия ва Туркия хатар ба сайораро бештар кардааст на камтар. Амрико норизоятии амиқи худро ба Луис Инасио Лула да Силва-раиси ҷумҳури Бразилия иброз доштааст. Тибқи тавофуқоти ба дастомадаи миёни Эрону Туркия ва Бразилия дар 17-ӯми май Эрон метавонад урани камтар ғанишудаи худро ба Туркия бифиристад ва дар иваз сӯхти ҳастаӣ дарёфт кунад.
XS
SM
MD
LG