Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари фаластиниҳо бо Обама мулоқот мекунад


Раҳбари маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос қарор аст, 9-уми июн дар Вошингтон бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама пешрафт дар раванди сулҳ бо Исроилро баррасӣ кунад. Ин дидор пас аз мулоқоти Обама бо сарвазири Исроил Бенямиин Нетаняҳу рӯзи якуми июн дар Вошингтон баргузор хоҳад гашт. Пас аз оғози гуфтушуниди ғайримустақими фаластинӣ ва исроилиҳо бо миёнаравии Иёлоти Муттаҳида дар моҳи гузашта ин нахустин мулоқоти Обама бо сарони ду ҷониб хоҳад буд. Бино ба изҳороти Кохи Сафед Обама бо Аббос раванди гуфтушунид ва ширкати Вошингтон дар таъсису рушди ниҳодҳои давлати ояндаи Фаластинро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG