Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама аз сиёсати ҷангҳои пешгирона даст кашид


U.S. -- U.S. President Barack Obama delivers remarks on Wall Street reform at Cooper Union in New York City, 22Apr2010

U.S. -- U.S. President Barack Obama delivers remarks on Wall Street reform at Cooper Union in New York City, 22Apr2010

Қасри Сафед стратегияи нави амниятии ИМА-ро муаррифӣ кард, ки дар он маъмурияти президент Барак Обама худро аз сиёсати ҷангҳои ҷилавгирикунандаи даврони раисҷумҳури пештараи ин кишвар Ҷорҷ Буш, канор кашидааст.

Бар пояи ин санад Қасри Сафед ба ҳамкориҳои саросарӣ дипломатияи солим ва иртибот миёни масоили амниятву эҳёи иқтисодӣ бартарӣ медиҳад. Стратегияи нави амниятӣ фарогири ташаббусҳои ин кишвар барои солҳои оянда буда, дар он таҳдиди ҷангу рақобатҳои кибернетикӣ, тағйири иқлим ва барои аввалин бор терроризме, ки дар қаламрави кишвар ба воя расидааст, зикр мегардад.

Тибқи қонунҳои ИМА Конгресси ин кишвар ба ҳар президент ваколат медиҳад, ки стратегияи амниятии ин кишварро таҳияву татбиқ намояд, яъне ташаббусҳо ва хатти машйи амниятии ИМА-ро муқаррар кунад.

Дар санади иборат аз 52 саҳифа, ки маъмурияти Барака Обама матраҳ намудааст, таҳдидҳое шабеҳи тавсеаи силоҳи куштори ҷамъӣ, сирояти бемориҳо, ҷангу рақобатҳои кибернетикӣ ва вобастагиҳои рӯ ба афзоиши ҷаҳони муосир ёд мешавад.

Котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон дар Вашингтон иброз дошт, ки стратегияи нави амниятӣ санади муфассале мебошад, ки нерӯи ИМА дар дохил, садоқати ҳукумат ба таъмини амнияти кишвар, мудофиаи ИМА ва сиёсати хориҷиро дар бар мегирад.

“Хуруҷ аз маҷрои ҳамкорӣ суде наовард”

Ҷон Бреннан, мушовири аршади Обама дар умури мубориза алайҳи терроризм зимни ташреҳи пешакии ин стратегия ба хабарнигорон гуфт, ин таъкид мекунад, ки Амрико худро “дар ҳоли ҷанг бо Ислом” эътироф намекунад. Дар стратегияи нави амнияти миллии Амрико мушкилоте, чун терроризми байналмилалӣ, густариши силоҳҳои ҳастаӣ, бесуботии иқтисодӣ, тағйири ҷаҳонии иқлим ва поймол шудани озодиҳои демократиро дар феҳрасти таҳдидҳо ба амнияти Амрико шомил мебошанд.

Ҳар маъмурияте, ки дар Амрико рӯи кор меояд, мукаллаф аст, стротежии нави амнияти миллиро муаррифӣ кунад. Стротегияи Барак Обама бештар рӯи ҳамкории байналмилалӣ дар амри таъмини амният таъкид мекунад, то ба такя танҳо ба истифодаи нирӯи низомӣ.
Обама бархе аз нукоти муҳими стротежиашро ҳанӯз рӯзи 22 май эълон кард, ки ҳамкории бисёрҷонибаро ба иқдомоти якҷониба бартарӣ дода, ба тақвияи эътилофҳои низомӣ, дарёфти шарикони ҷадид ва ташвиқи ҳуқуқи башар таъкид мекунад.

Бо ишора ба нокомии талошҳои маъмурияти раисиҷумҳури қаблии Амрико Ҷорҷ Буш, ки ба иқдомоти якҷониба ва ҷангҳои пешгирона бартарӣ медод, Обама гуфт, ки хуруҷ аз маҷрои ҳамкорӣ барои Амрико сӯде наовард.

Аммо бо вуҷуди тамойюл ба сӯи такяи назар ба гузашта зиёдтар ба “сиёсати нарм”, доктринаи маъмурияти Барак Обама низ дар қиболи таҳдидҳои ношӣ аз терроризм ва гурӯҳҳои террористӣ оштинопазир боқӣ мемонад.

“Сиёсати нарм” ва оштинопазирӣ

Ин нукта дар суханронии ахири Ҷон Бреннан, муовини мушовири амнияти миллӣ дар умури мубориза бо терроризм ва амнияти дохилӣ, дар Вошингтон бармало мушоҳида мешуд.

Ҷон Бреннан гуфт, Амрико “дар ҳоли ҷанг” бо Ал-Қоида ва муттаҳиддини ин шабакаи террористӣ қарор дорад ва хатари тундгароии Ал-Қоидаро дар ҳар куҷои ҷаҳон, ки тамрин ва фаъолият мекунад, чӣ дар Афғонистону Покистон, чӣ Яману Сомалӣ ва ҳар куҷои дигар, таъқиб ва тахриб хоҳад кард.

Бреннан гуфт, ки Амрико душманони худро ҷиҳодӣ ё исломӣ намешиносад, чунки ҷиҳод ҷанги муқаддасест, ки аз фармудаҳои Ислом бармеояд: “Аммо куштани марду зан ва атфоли бегуноҳ ягон чизи муқаддас ё машрӯъ надорад. Дар асл, чунин таъбир кардани душманони мо амалан натиҷаи баръакс хоҳад дод. Ин ба фоидаи эҳсоси бардурӯғе бозӣ мекунад, ки гӯё онҳо раҳбарони мазҳабие бошанд, ки аз арзишҳои муқаддас дифоъ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар амал онҳо ба ҷуз аз қотилон, аз ҷумла қотили ҳазорон мусалмон каси дигаре нестанд.”

Афзун бар ин, афзуд Ҷон Бреннан, бо вожаҳои мазҳабӣ ба риштаи тасвир даровардани душман мояи боварҳои низ дурӯғине хоҳад шуд, ки гӯё Амрико ба сурате дар ҳоли ҷанг бо ҷаҳони Ислом қарор дошта бошад.

Ислом ҷузъе аз Амрико

Мушовири Обама гуфт, воқеъият ин аст, ки Ислом дар баробари мазоҳиби дигар низ як бахши Амрикост ва ин кишвар ҳеҷ гоҳ дар ҳоли ҷанг бо Ислом қарор надошт, надорад ва нахоҳад дошт.

Стротежии нави амнияти миллии Амрико ҳамин тавр, барои нахустин бор ба терроризми бархоста аз дохили худи ин кишвар низ бармегардад, ки ба назари маҳофил, аз тирандозии хунини соли гузашта дар пойгоҳи низомии Форт Ҳуд дар аёлати Тексас, ки 13 кушта ба ҷо гузошт, ва талоши нокоми бомбгузории рӯзи 1 майи соли равон дар Таймз-Сквер, майдони марказии шаҳри Ню-Йорк бармехезад. Ҷон Бреннан ба ин паҳлуи мавзӯъ таъкид кард, ки шумори ҳарчӣ бештари амрикоиҳо ба доми ақоиди ифротӣ меуфтанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки стротежии ҷадиди Обама бар арзишҳои суннатии Амрико такя мезанад: “Эҳтиром ба арзишҳои умумӣ дар дохил ва дар саросари ҷаҳон муайян мекунад, ки мо кӣ ҳастем ва барои мо чӣ азизу мӯҳтарам аст. Ва як низоми байналмилалие, ки сулҳу амният ва имконотро тавассути ҳамкориҳои қавитар фароҳам биорад, танҳо роҳест, ки имкони расидагӣ ба чолишҳои байналмилалиро барои мо муҳайё хоҳад сохт. Ин стротежӣ роҳи дақиқи пешбурди ин аҳдоф ва бунёди ҷаҳонеро, ки мо мехоҳем, нишон медиҳад.”

Аммо дар ҳоле ки мунтақидон аз самти чап Барак Обамаро ба он айбдор мекунанд, ки аз доктринаи ҷангҳои пешгиронаи Ҷорҷ Буш чандон дур нарафтааст, мухолифини ӯ, аз ҷиноҳи рости ҷумҳурихоҳ, таъкиди стротежии ҷадиди амнияти миллӣ ба роҳҳои дипломатӣ ва рушдро аломати заъфи Обама дар масоили дифоъӣ мехонанд.

Бо ин ҳол, стротежии нави Кохи Сафед иқтисодро ҳам “як сарчашмаи қудрати Амрико” номида ва барои бори аввал эъмори як иқтисоди солим дар кишварро низ дар радифи масоили умдаи мавриди мулоҳизоти амниятӣ ҷой додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG