Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби бастаи коҳиши масориф аз сӯи парлумони Испания


Парлумони Испания бо бартарии ҳамагӣ як раъй бастаи чораҳо оид ба коҳиши масорифи буҷа ба маблағи 15 миллиард евроро пазируфт. Ин тарҳ. ки аз сӯи ҳукумат пешниҳод шудааст, коҳиши маоши панҷ дар сади кормандони соҳаи буҷавӣ ва коҳиши чашмраси ҳаҷми сармоягузориҳои ҳукуматиро дар назар дорад. Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии ҳукумат то соли 2011 кам кардани касри буҷа аз 11 дар сади феълӣ то 6 дар сад ва ба ин васила ҷилавгирӣ аз такрори бӯҳрони молиявӣ дар Юнон аст. Сатҳи бекорӣ дар Испания беш аз 20 дар сад, яъне тақрибан ду баробар болотар аз сатҳи миёна дар Аврупост.
XS
SM
MD
LG