Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои чанд санад аз сӯи раҳбарони Чин ва Ҳиндустон


Сарони Чин ва Ҳиндустон баъд аз музокирот дар Пекин чанд созиши байнидавлатиро имзо карданд. Дар бораи номгӯи созишҳои имзошуда алҳол иттилоъе мавҷуд нест ва аммо қаблан хабар дода мешуд, ки раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ҳу Ҷин Тао ва раисиҷумҳури Ҳинд Протибҳа Патил масоили марбут ба робитаҳои тиҷоратӣ миёни ду кишварро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард.
Сафари расмии раисиҷумҳури Ҳиндустон ба Чин имрӯз шурӯъ шуд ва қарор аст, ки шаш рӯз идома ёбад. Ин нахустин сафари раҳбари Ҳинд ба Чин дар даҳ соли ахир аст. Муносибати миёни Ҳиндустону Чин тақрибан 50 сол, баъд аз ҷанги кӯтоҳи марзӣ дар соли 1962, сард боқӣ монда буд. Пекин аз он нороҳат аст, ки тибетиҳои мухолифи ҳукумат дар шимоли Ҳинд мустақар шудаанд.
Айни ҳол Чин бузургтарин шарики тиҷоратии Ҳиндустон маҳсуб мешавад, ва аммо Деҳлӣ ҳамеша аз он норозист, ки аз се ду ҳиссаи табодули молу коло миёни ду кишварро содирот аз Чин ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG