Пайвандҳои дастрасӣ

Facebook, бузургтарин сомонаи иҷтимоӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет, дар садади бознигарии сиёсати назораташ бар асли дахлнопазирии маълумоти хусусӣ шудааст.

Борони интиқод бар сари Facebook

Ин тасмим дар чанд моҳи охир дар пасманзари нигарониҳое пеш омад, ки мегӯянд, Facebook ба тоҷирон ва ҳамин тавр, ба ҷинояткорони интернетӣ имкон медиҳад, иттилооти мавҷуд дар ин сомонаро бидуни дар ҷараён гузоштани корбарон ба суди худ истифода баранд.

Мавҷи интиқодҳо аз Facebook моҳи декабр ва замоне бархост, ки ин ширкати мақарраш дар Калифорнияи Амрико зоҳиран ба манзури дарёфти фоидаи бештар ба тағйири қоидаҳои истифода аз иттилооти дар ихтиёр доштааш оғоз кард.

Марк Суккерберг, мудиромили Facebook: “Масъалаи рақами аввале, ки ба гӯши мо мерасад, танҳо зарурати истифода аз роҳҳои оддитари назорати иттилооти шумост. Мо ба ин розием. Ва ба манзури расидагӣ ба мавзӯъ мо аз имрӯз се тадбирро рӯи даст мегирем. Аввалан, мо як мақоми нозирро таъсис додем, ки шумо метавонед аз хидматаш истифода баред ва он тамоми маълумотеро, ки шумо мо аз имрӯз дастгоҳи оддии назоратиро сохтаем, ки шумо дар “Facebook” мегузоред, наззора хоҳад кард. Мо бо ин тағйир чизеро аз байн намебарем. Мо танҳо як нозири оддиро изофа мекунем, ки танҳо ва танҳо назорати тамоми иттилооти шуморо анҷом хоҳад дод.”

Суккерберг гуфт, ин тағйирот ба корбарон имкон медиҳад, дастрасӣ ба иттилооти худро ба ҳар навъ ҷониби севвум, ки бидуни иҷозат ба торнамои онҳо ворид мешаванд, масдуд кунанд. Аммо дар ҳоле ки Facebook дар садади пайдо кардани як миёнаи барои ҳама мувофиқ дар байни ҳифзи дахлнопазириии ҳаёти хусусӣ ва густариши ин шабакаи иҷтимоист, мудиромили Facebook мӯътақид аст, ки имкони баҳрабардории корбарон аз иттилооти мавҷуда дар ин сомона ҳамчунон соддаву осон боқӣ хоҳад монд.

Акс, санаи таваллуд ва феҳрасти дӯстони шумо ба кӣ лозим аст?


Бо ин ҳол, корбарон аз он шикоят доранд, ки низоми кунунии кори Facebook маълумоти хусусии нашршуда дар ин шабакаро ба сурати худкор дар ихтиёри ширкатҳои тиҷориву таблиғотӣ ва соъир корбарони Интернет мегузорад.

Ба хотири ҷилавгирӣ аз дастрасии афрод ва ширкатҳои бегона аз ҳалқаи дӯстони худ, корбари Facebook феълан маҷбур аст, маҳорати зиёди фаннӣ ба кор барад, ки берун аз ҳадди тавони аксари онҳост. Амалан, дар ҳоли ҳозир, корбарони Facebook бояд ба ин ширкат дастури махсус бидиҳанд, ки дастрасӣ ба маълумоти нашркардаи онҳоро масдуд кунад, вале барои ин бояд мароҳили печида ва тӯлониеро тай кард.

Сабрина Дрейсфелтт, як муштарии доимии “Facebook” дар Аврупо: “Ман то ҷое ки метавонам, талош мекунам, иттилоотамро ҳаддалимкон зиёдтар баста нигоҳ дорам. Аммо ба назари ман, дар воқеъ сахт аст фаҳмидан, ки кадом маълумот ҳифз шудааст ва кадомаш – не. Ман аз ин зиёд хушу розӣ нестам.”

Марго Силвер, як корбари “Facebook”дар Ню-Йорк: “Ман дар ин бора зиёд шунидаам, ки тамоми маълумоти мо чигуна барои мардум боз аст. Ман дар саҳифаам чизи зиёде намегузорам ва аз ин рӯ, хеле сахт нигарони ин нестам. Аммо фикр мекунам, ки ин мояи нигаронӣ ҳаст ва ин масъалаест, ки бояд расидагӣ шавад, чунки нашри маълумот ба маъние нест, ки ҳар кас битавонад онро боз кунад.”

Қадамҳои нави Фейсбук

Мудиромили ширкати Facebook Марк Суккерберг гуфт, низоми бозбинишудаи ҳифзи иттиллоти ин шабакаи иҷтимоӣ то чанд ҳафтаи оянда муаррифӣ хоҳад шуд. Албатта, ҳанӯз рӯшан нест, ки ин ислоҳоте, ки ширкат довталабона рӯи даст мегирад, то куҷо қодир ба ҳифзи комили маълумоти хусусии корбаронаш хоҳад шуд. Аммо бархе аз ин иқдом истиқбол мекунанд.

Ланс Уланов, сардабири маҷаллаи “PC Magazine”:
“Ин як тағйироти бузург ва лозим аст. “Facebook” бояд бо ин коре мекард. Онҳо ба далели низоми ҳифзи дахлнопазирии маълумоти хусусӣ таҳти оташи танқид қарор доштанд. Онҳо дар моҳи декабри соли гузашта як силсила тағйирот анҷом доданд. Аммо ҳоло эҳсос мекунанд, ки хеле дур ва хеле тунд рафтаанд. Онҳо фурсати зиёдеро барои шунидани назари корбарон масраф карда, эътироф мекунанд, ки ба иштибоҳоти зиёде роҳ додаанд.”

Facebook ширкати хусусиест, ки ҳамагӣ 6 сол пеш аз сӯи Марк Суккерберг таъсис ёфта, маълумоти молиашро боз намекунад. Аммо таҳлилгарон даромади ин ширкат дар соли гузаштаро аз 500 то 650 миллион доллар тахмин мезананд, ки асосан аз ҳисоби таблиғ ва маълумоти хусусии нашршуда дар ин бузургтарин шабакаи иҷтимоии Интернет ба даст омадааст.

Шабакае, ки дар бозори сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҳама рақибони худ, бо шумули Twitter, Моймир, Миртесен ва амсоли онҳо пеш гузашта, тайи ҳамагӣ 6 соли вуҷуд аллакай то ним миллиард нафарро дар саросари сайёра дар зери чатри худ гирди ҳам овардааст. Беш аз 2000 тан аз ин миёни дӯстони бахши тоҷикии Радиои Озодианд, ки низ дар соли гузашта дар Facebook торнамои вижаашро боз кард.
XS
SM
MD
LG