Пайвандҳои дастрасӣ

Дар чаҳорчўби татбиқи қонуни афви моликият дар вилояти Хатлон беш аз 10 ҳазору 100 молу мулку гуногун қонунӣ гардонида шудааст.

Пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бинобар қонунигардонии молу мулк, шумори молиётсупорандаҳо то 25 ҳазор нафар бештар шуда, сокинони Хатлон бидуни зикри сарчашмаҳои даромади худ маблағ ва молу мулки хешро, ки аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба даст овардаанд, қонунӣ гардонидаанд.

Афви 100 миллион доллар

Файзалӣ Султонов, сардори раёсати Ожонси зиддифасод дар вилояти Хатлон, мегўяд, дар доираи қонуни мазкур даҳҳо воситаи нақлиёт, севуним ҳазор манзили зист, боғу заминҳои кишт ва амволи дигари ғайриманқул ба маблағи умумии 402 миллион сомонӣ, ё наздик ба 100 миллион доллари амрикоӣ ба расмият дароварда шудааст.

Ҷаноби Султонов афзуд: «Шумораи андозсупорандаҳо аз 336 ҳазор нафар ба 361 ҳазор нафар расид. Масоҳати умумии амволи ғайриманқул агар пеш аз қабули қонуни мазкур беш аз 27 миллиону 335 ҳазор метри мукаабро ташкил медод, баъди мавриди амал қарор гирифтани қонун зиёда аз 31 миллиону 470 ҳазор метрии мукаабро ташкил дод, яъне ба миқдори зиёда аз чаҳор миллион метри мукааб афзоиш ёфтааст. Пардохти андоз аз амволи ғайриманқул бошад, баъди қабули қонуни зикршуда ба маблағи 3 759 700 сомонӣ ба буҷет зиёд ворид шудааст…»

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба иддаои коршиносон ва сокинони маҳаллӣ, мавориди сўйистифодаи мансабдорони хатлонӣ аз амали қонуни афви моликият ҳам ба мушоҳада расидааст.

Раҷабмоҳ Раҳмонова, сокини ноҳияи ҷомӣ, дар сўҳбати бидуни микрофон гуфт, вай низ дар чаҳорчўби қонуни афви моликият хостааст манзили зист ва қитъае заминашро ба расмият дарорад, аммо бо мушкилоти сунъиэҷоди масъулини комиссиюни қонунисозии молу мулк дучор омадааст, ки аз ў пардохти миқдоре маблағро дархостаанд.

Шаш парванда алайҳи масъулин

Зимнан, додситонии вилояти Хатлон ҳам иқрор мекунад, ки мавориди сўйистифода аз қонуни афви моликият ҳам дар минтақа ба қайд гирифта шудааст. Дар ин робита алайҳи афроди мансабдоре, ки сўйистифода аз қонуни афви молу мулк кардаанд, шаш парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Сўҳроб Давлатов, корманди масъули додситонии вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни «афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бинобар қонунигардонии молу мулк», додситонӣ нисбат ба масъулини комиссияҳои қонунисозии молу мулк ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар навоҳии Абдураҳмонӣ ҷомӣ, Шаҳритус, Панҷ ва Носири Хусрав 6 парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ карда, ҳамчунин вобаста ба ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ 52 эътирозу 9 амр содир намудааст.

«Шаш парванда ҳамааш нисбати шахсони мансабдор аст. Қонуншиканиҳо бисёртараш дар бораи муроҷиати шаҳрвандон аст, ки тибқи талаботи низомнома бояд дар мўҳлати 10 рўз нисбати аризаҳои воридшуда қарор қабул мекарданд, аммо қонуншиканӣ дар ҳамин масъала зиёд аст. Ва ҳамчунин ҳолатҳое низ зиёданд, ки заминҳои корами обиро амвол гуфта, ҳамчун сохтмон ба қайд гирифта, санадҳои ғайриқонунӣ тартиб дода, гўё қонунӣ кардаанд…»

Бо ин ҳама, пас аз татбиқи қонун «Дар бораи афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» 87 ҳазор адад моликият ба расмият дароварда шудааст, ки маблағи умумии онҳо ба зиёда аз 19 миллиард сомонӣ баробар будааст. Вале мақомоти Тоҷикистон аз мизон ва ҳаҷми маблағҳои ғайрирасмии воридшуда ба муомилоти қонунӣ ва молу мулки ғайриқонунӣ чандон қаноатманд нестанд, чун интизори «боздеҳ»-и бештар аз эълони қонуни афви моликият доштанд.
XS
SM
MD
LG