Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандони Боқиев дар Тоҷикистон панаҳ бурдаанд?


Мақомоти Қирғизистон аз Интерпол хостори мусоидат дар боздошти раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев шудаанд. Дар ин бора муовини раиси ҳукумати муваққат Азимбек Бекназаров ба хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ додааст. Ба гуфтаи Бекназаров, айни ҳол макони будубоши раисиҷумҳури барканоршуда маълум нест ва овозаҳо дар бораи ба Туркия рафтани ӯ тафтиш мешаванд.
Муовини раиси ҳукумати муваққат ёдовар шуд, ки аснод барои боздошт ва истирдоди Қурмонбек Боқиев ба Минск ирсол шуда буданд ва Бишкек то ҳол посухи мақомоти Белорусро интизор аст. Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус ба Боқиев дар кишвараш паноҳгоҳ дод ва изҳор намуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро ба Бишкек истирдод нахоҳад кард.
Азимбек Бекназаров гуфтааст, ки макони будубоши писарону бародарони раисиҷумҳури собиқ низ маълум нест. “Ҳадс зада мешавад, ки онҳо дар кишварҳои соҳили Балтик ваё дар Тоҷикистон панаҳ бурдаанд. Агар макони буду боши онҳо маълум шавад, мо онҳоро ҳатман боздошт мекунем”, гуфтааст Бекназаров.
XS
SM
MD
LG