Пайвандҳои дастрасӣ

Дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ


Варзишгарони Тоҷикистон ахиран дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ дар риштаҳои гурзандозӣ, таэквон-до WTF ва бокс ширкат карда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Соҳиби роҳхати шашум ба Олимпиадаи наврасон

Абдуқодир Баротов, гурзандози ҷавони тоҷик, ба нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли равон дар Сингапур баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Вай дар сабқати интихобӣ дар Сингапур гурзро ба масофаи 63 метру 54 сантиметр ҳаво дод ва мақоми дуввумро касб кард. Ҷои аввал бо натиҷаи 70 метру 3 сантиметр насиби варзишгари ҷавони Чин Ли Бин Бин гардид.

Ба иттилоъи Наргис Набиева, сардори раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, варзишгарони тоҷик ба нахустин Бозиҳои олимпии наврасон ҳамагӣ 6 роҳхат ба даст овардаанд.

Ҷои дуввум дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё

Алишер Гулов, варзишгари тоҷик, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таэквон-до WTF дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гардид.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни 80 килограмм бар рақибонаш пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Алишер дар қувваозмоии ҳалкунанда барои унвони қаҳрамонӣ аз варзишкори эронӣ Ҳоҷӣ Завареҳ мағлуб шуда, мақоми дуввумро касб кард.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ беш аз 300 варзишгари 23 кишвари Осиё ширкат карданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими Эрон ғолиб шуд. Дастаи Куриёи Ҷанубӣ ҷои дуввум ва мунтахаби Тайланд ҷои севумро азони худ карданд. Дастаи Тоҷикистон дар ҷои ҳафтум қарор гирифт.

Ду медали муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти ҷавоизи Серик Конакбоев, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ, дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон ду медал ба даст оварданд.

Диловаршоҳ Абдураҳмонов дар вазни то 81 килограмм бар ду муштзани Қазоқистон - Владимир Давидов ва Олим Абубакиров дастболо шуда, ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Маъдӣ Хабиеви қазоқ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 1:4 мағлуб гашт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Сафовиддин Юсуфӣ дар вазни то 48 килограмм мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ беш аз 150 варзишгари 7 кишвар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG