Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз аввалин парвоз аз Душанбе ба Киев сурат мегирад


Ширкати “Тоҷик Эйр” бори аввал баъд аз эълони истиқлол парвози ҳавопаймоҳо дар хатти Душанбе-Киевро шурӯъ мекунад. Масъулини ширкат ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки нахустин парвози ҳавопаймои Боинг 737-500 аз Душанбе ба фурудгоҳи Борисполи Киев имрӯз соати 20:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад. Аз ин баъд парвоз аз Душанбе ба Киев ҳар рӯзи панҷшанбе ва аз Киев ба Душанбе ҳар рӯзи ҷумъа доир хоҳад шуд. Қимати чипта ба як тараф 350 евро муқаррар шудааст. Қарор аст, ки ба наздикӣ парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳри Симфероли Украина ҳам аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG