Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди нави Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ


Кореяи Шимолӣ изҳор намуд, ки созиш бо Кореяи Ҷанубӣ дар мавриди ҷилавгирӣ аз бархурд дар баҳр, дар минтақаи баҳсбарангези марзҳои обии миёни ду кишварро, лағв мекунад. Бар пояи тасмими Пхенян, аз ин баъд ҳар киштии Кореяи ҷанубӣ, ки дар обҳои Кореяи Шимолӣ пайдо мешавад, мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт. Изҳорот дар ин бора баъди анҷоми тамринҳои нерӯҳои баҳрии Кореяи Ҷанубӣ дар соҳилҳои ғарбияш пахш шуд.
Ҳафтаи гузашта комиссиюни мустақили байнулмилалӣ собит кард, ки киштии низомии “Чхонан”-и Кореяи Ҷанубӣ бар асари ҳамлаи торпедои Кореяи Шимолӣ ғарқ шудааст. Дар ин ҳодиса 46 маллоҳ ба ҳалокат расида буданд. Пхенян даст доштани низомиёнаш дар ин ҳодисаро рад намуд ва ҳушдор дод, ки дар сурати таҳмили таҳримҳои нави байнулмилалӣ болои кишвар алайҳи Кореяи ҷанубӣ ҷанги воқеъӣ эълон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG