Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин сафари Протибҳа Патил ба Пекин


Протибҳа Патил, раисиҷумҳури Ҳиндустон, бо сафари шашрӯза вориди Пекин шуд. Интизор меравад, ки дар музокироти ӯ бо раҳбарони Чин масоили тиҷорати миёни ду кишвар баҳсу баррасӣ шавад. Ин нахустин сафари раҳбари Ҳинд ба Чин дар давоми даҳ соли ахир аст. Муносибати миёни Ҳиндустону Чин тақрибан 50 сол, баъд аз ҷанги кӯтоҳи марзӣ дар соли 1962, сард боқӣ монда буд. Пекин то ҳанӯз аз он нороҳат аст, ки тибетиҳои мухолифи ҳукумат дар шимоли Ҳинд панаҳ бурдаанд.
Айни ҳол Чин бузургтарин шарики тиҷоратии Ҳиндустон маҳсуб мешавад, ва аммо Деҳлӣ аз он норозист, ки аз се ду ҳиссаи табодули молу коло миёни ду кишварро содирот аз Чин ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG