Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди қурбониён дар Ставропол


Теъдоди қурбониёни инфиҷор дар шаҳри шаҳри Ставрополи Русия ба 7 нафар расид. Айни ҳол беш аз 40 нафари дигар, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд, таҳти назорати табибон қарор доранд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар инфиҷор як духтарчаи 12-сола низ ба ҳалокат расидааст. Раиси кумитаи тафтишоти Додситонии кулли Русия Александр Бистрикин барои ҳамоҳанг сохтани тафтиши сабабҳои ин ҳамлаи террористӣ ба Ставропол парвоз кард.
Таркиш дар назди бинои Кохи фарҳанги Ставропол чанл лаҳза пеш аз оғози консерти дастаи рақсии Чеченистон ба вуқӯъ пайваст. Ба пояи иттилоъи пешакӣ, нерӯи инфиҷор баробар ба 200 грамми тротил буд. Масъулияти ин бомбагузориро то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG