Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Восеъ: Раиси ҲНИТ гумонбар дар қочоқи инсон


Мақомоти интизомии Кўлоб Абдуфаттоҳ Абдухолиқов, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро, дар кўшиши фурўхтани як духтари 16-сола гумонбар медонанд.

Ноболиғ бар ивази 500 доллар

Давлат Наҷмиддинов, сардори шўъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар минтақаи Кўлоб, мегўяд, моҳе қабл Абдухолиқов бо ҳамроҳии як узви дигари ин ҳизб, талош кардаанд, то П. С., духтари ноболиғ, сокини ин шаҳрро, аз модараш харидорӣ намуда, ба Русия интиқол диҳанд. Ба гуфтаи ў, барои харидории ин духтар Абдухолиқов ба модари духтар 500 доллари амрикоӣ пардохт кардааст.

Ҷаноби Наҷмиддинов мегўяд, ҳамчун далел аз Абдухолиқов шиносномаи духтар ва чиптаи ҳавопаймои самти Душанбе-Екатеринбург, ки ҳамон шаб бояд парвоз мекарданд, дарёфт шудааст ва ҳоло, бо моддаи одамфурушӣ, дар прокуратураи минтақа парванда боз шудааст.

«Ҳадаф бунёди оила, маблағ маҳр буд»

Абдуфаттоҳ Абдухолиқов, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, иттиҳомот алайҳи худро рад мекунад. Вай мегўяд, ин духтар бо ў хешу таборӣ дорад ва онҳо танҳо бо мақсади аз роҳи бад баргардонидани ин духтар бо нияти нек тасмим доштанд, то ўро ба Баҳор ном як мусалмон дар Русия, ки аз ҳамсари нахустинаш фарзанддор нашудааст, ба шавҳар диҳанд. Ба қавли ў, модар ва духтар ба ин кор розӣ буданд ва дар ин кор ҳеҷ далел барои гунаҳкор кардани онҳо вуҷуд надорад.

Ҷаноби Абдухолиқов мегӯяд, мақсадашон бунёд кардани оила буд, на чизи дигар ва пули ба модари духтар додашуда ҳамчун маҳр ва ҳамчун кўмак буд.

Аммо Давлат Наҷмиддинов мегўяд, далелу арқоми зиёд мавҷуд аст, ки ин афрод дар одамфурўшӣ даст доранд. Ба гуфтаи ў, дар натиҷаи кофтуков онҳо дақиқ кардаанд, ки қаблан духтари дигари ин хонадон бо номи О. С. низ ба марде бо тахаллуси «Шайх» дар Қазоқистон бо маблағи 200 доллари амрикоӣ фурўхта шуда будааст. Ҳоли ҳозир, духтари дуввуми ин хонадон аз Қазоқистон баргардонида шудааст.

Модари духтар мегӯяд...

Тоҷӣ Валиева, модари ин ду духтар мегўяд, зиндагии хеле мушкил дорад: «Зиндагии ману шавҳарамро 33 сол шудааст ва шавҳарам собиқаи 28 солаи маҳбусӣ дорад. Ман 7 фарзандро бо хуни ҷигар калон кардам. Ба хотири ба роҳи бад нарафтан розӣ шудам, ки ба як бандаи мусалмон шавҳараш диҳам. Агар чунин накунам, метарсам, ки ба роҳи бад мераванд».

Мақомоти интизомӣ мегўянд, таи 20 соли ахир барои аввалин бор аст, ки се ҳолати фурўши инсонро дар минтақаи Кўлоб сабт мекунанд. Давлат Наҷмиддинов, сардори шўъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар минтақаи Кўлоб мегўяд, як тан аз духтари қочоқшуда аз ин шаҳрро ба тозагӣ аз Дубай баргардонидаанд ва ҳоли ҳозир афроди дигаре, ки дар фурўхтани он даст доштаанд, дар пайгард қарор доранд.

Чаро ҲНИТ ҳадаф қарор гирифтааст?

Дар гузашта низ бархе аз мақомҳои баландпояи ҲНИТ бо иттиҳомоте аз ин қабил рӯбарӯ ва зиндон шуда буданд.

Аз ҷумла Қосим Раҳимов, уpви раёсати ин ҳизб бо чанд ҷурм аз ҷумла, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси як ноболиғ зиндон шуда буд, ки то кунун дар зиндон ба сар мебарад.

Инчунин Шамсиддин Шамсиддинов, муовини раиси ҲНИТ низ бо чанд банди қонуни ҷиноӣ маҳкум шуда буд, ки дар зиндон даргузашт.

ҲНИТ дар интихоботи порлумонии моҳи феврал ба гуфтаи масъулони он бештарин овози интихобокунундагонро дарёфт карда буд, аммо ба гуфтаи мақомоти он масъулини интихобот ин орои ҲИНТ-ро ба нафъи ҳизби ҳоким тақаллуб карданд.
XS
SM
MD
LG