Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷорҷ Крол, ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ки бо сафари дурӯза вориди Бишкек шудааст, бо мақомоти Қирғизистон дидору мулоқотҳо анҷом дод.

Ҷорҷ Крол зимни як нишасти хабарӣ гуфт, зимни мулоқот бо Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатӣ, тавсеъаи равобити дуҷонибаи миёни ИМА ва Қирғизистон дар бобати расонидани кӯмакҳои молӣ баррасӣ гардид. Ёвари вазири хориҷаи Амрико гуфт, бо ноибони раиси ҳукумати муваққатӣ Алмосбек Атамбоев ва Омурбек Текебоев низ гуфтушунидҳо анҷом дод.

Дуввумин фиристодаи Обама

Вай гуфт, Барак Обама аз мардуми қирғиз ва ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар мавриди барқарории суботу амният ва таҳкими демократия комилан пуштибонӣ мекунад.

Ин дуввумин мақоми амрикоӣ пас аз Майкл Макфол, ёвари президент Барак Обама, мебошад, ки пас аз ҳодисҳаои апрелӣ ба Бишкек меояд. Ҷорҷ Крол гуфт, яке аз ҳадафҳои аслии сафари ӯ ошноӣ бо таҳаввулоти Қирғизистон аст.

Ҷорҷ Крол гуфт, вазъ дар ҷануби Қирғизистон нигаронкунанда боқӣ мондааст, вале вай умедвор аст, ки дар ояндаи наздик авзоъ комилан хуб мешавад. Ба гуфтаи ёвари вазири хориҷаи Амрико, ширкати фаъолонаи мардум дар раъйдиҳии 27-уми июн имкон хоҳад дод, ки тарҳи нави Қонуни асосӣ мавриди корбаст қарор гирад ва ба ин васила, фаъолиятҳои ҳукумати ҷадид дар пешрафти Қирғизистон таъмин гардад.

Аввал Ӯш, сипас Маскав

Ҷорҷ Крол ҳамчунин ба минтақаи ҷануби Қирғизистон сафар кард ва аз вилояти Ӯш дидан намуд. Ба гуфтаи ёвари вазири хориҷаи Амрико, дар пайи боздид аз Қирғизистон сафарарашро ҷониби Маскав идома хоҳад дод. Ба гуфтаи Ҷорҷ Крол, ИМ ва Русия дар бораи таъмини амнияту субот дар Қирғизистон аз як равзана нигоҳ мекунанд ва ҳар ду талош хоҳанд кард, ки ба Қирғизистон дасти ёрӣ дароз кунанд.

Дар ҳамин ҳол, як гурӯҳ эътирозгарон дар самти шимоли Қирғизистон, дар назди бинои сафорати Туркия дар Бишкек гирдиҳам омаданд. Онҳо талаб карданд, ки ин кишвар Қурмонбек Боқиев, президенти барканоршудаи Қирғизистонро ба қаламраваш роҳ надиҳад.

Аммо Берк Эҷе, ноиби аввали сафорати Туркия, инкор кард, ки Боқиев вориди қаламрави Туркия шудааст ва иттилоъҳои расонаҳои Белорусро дар ин маврид беасос хонд.
XS
SM
MD
LG