Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози тоҷикони Қирғизистон дар назди сафорати Узбакистон


Рӯзи панҷшанбе як гурӯҳ тоҷикони муқими Қирғизистон дар назди сафорати Ҷумҳурии Узбакистон дар Бишкек бо нишони эътироз аз боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави он кишвар гирдиҳам омаданд.

Онҳо аз мақомоти раҳбарии ин кишвар талаб карданд, ки барои аз қаламрави кишварашон убур кардани қатори кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон монеъ нашаванд.

Дар муроҷиъатномаи намояндагони созмони тоҷикони Қирғизистон ва донишҷӯёни тоҷики муқими Бишкек унвонии Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон омадааст, дар фазои Осиёи Марказӣ қарнҳо боз тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо, қазоқҳо ва туркманҳо ба сар мебаранд, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд. Гуфта мешавад, дар ин шароити бӯҳронӣ фақат ҳамоиши иқтисодиву иҷтимоӣ мардуми минтақаро наҷот хоҳад дод ва дар рушди ин кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Бино ба муроҷиатнома мутаассифона, дар ин авохир сиёсати муғризона аз ҷониби Ӯзбекистон дар қиболи Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва дӯстиву рафоқати ҳазорсоларо зери суол қарор медиҳад. Зикр гардидааст, ки баъди офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон кишварҳои дуру наздик ба мардуми офатзада кумакҳои башардӯстона мефиристанд, вале Ӯзбекистон талош дорад, ки дар мавриди сари вақт ба дасти ин мардум расидани он мавонеъ эҷод кунад.

Дар муроҷиатнома ҳамчунин қайд шудааст, ки тоҷикони Қирғизистон аз ташаннуҷи вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нигаронанд.

Нигарониҳои тоҷикони Қирғизистон

Қодиршои Мурувват, ноиби раиси созмони иҷтимоии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ гуфт, моҳи сипаришуда офати сел дар Тоҷикистон боиси фавти чанд нафар шуд ва офат ба ин кишвар хисороти зиёди молӣ ворид кард, ҳазорҳо сокини минтақаи офатзад бидуни ҷову сарпаноҳ монданд. Ӯ афзуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин шароити барои Тоҷикистон мушкил дасти кӯмак дароз кардааст ва чанд қатори кӯмакҳои башардӯстона ҷониби Тоҷикистон равона ҳастанд, вале ҳаракати ин қаторҳо дар марзи Ӯзбекистон қатъ шудааст.

Зафар Рауфов, донишҷӯи коллеҷи ҳавонавардии Қирғизистон, мегӯяд,онҳо ба таври сулҳомез дар ин эътироз ширкат доранд ва ба ҳукумати Ӯзбекистон муроҷиат карданианд, ки қатори ҳомили мавод барои мардуми офатзадаи Тоҷикистонро аз марзи худ раҳо кунад.

Ин донишҷӯ гуфт, офате, ки ба мари мардуми Тоҷикистон омадааст, метавонад ҳар лаҳза ба сари мардуми кишвари дигар ояд, аз ин лиҳоз онҳо ҳукумати Ӯзбекистонро фақат ба инсоф даъват карданианд, то ки кумакҳои башардӯстона ба дасти осебдидагони офати сел ҳар чи зудтар бирасад.

Шоистаи Равшан, як сокини тоҷиктабори шаҳри Бишкек ва устоди Донишгоҳи байналмиллалии Қирғизистон, гуфт, мардуми зиёд ҳам аз офатҳои табиӣ ва ҳам аз низоъҳои байниқавмиву байнфарҳангӣ дар азият мондаанд. Бино ба суханони Шоистаи Равшан аз 18 май ба ин сӯ ҳаракати қатори ҳомили маводи башардӯстона дар марзи Ӯзбекистон мутаваққиф шудааст.

Аммо касе аз кормандони сафорати Ӯзбекистон дар Бишкек ба назди эътирозгарон набаромад ва онҳо аз вокуниш ба ин аксуламал низ худдорӣ карданд.

Қодиршои Мурувват, ноиби раиси созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ, матни муроҷиатномаро ба муҳофизи сафоратхона супурд, то ки ба сафири Ӯзбекистон дар Бишкек таслим кунад.
XS
SM
MD
LG