Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 135-ум


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон мавқеъашро дар ҷои 135-ум нигоҳ доштааст.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ мисли пешин дар зинаи 13-ум ҷойгир шудааст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 11-ум мебошад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 23-юм аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 46. Латвия. 49. Литва. 82. Беларус. 89. Молдова. 94. Узбакистон. 99. Эстония. 100. Арманистон. 109. Озарбойҷон. 120. Гурҷистон. 129. Қазоқистон. 135. Тоҷикистон. 139. Туркманистон. 168. Қирғизистон.

Дастаи миллии Бразил дар феҳристи FIFA дар ҷои аввал аст. Испониё дар ҷои дуввум ва Португол дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Ҳолланд, Итолиё, Олмон, Аргентина, Инглистон, Фаронса ва Хорватия ҷойгир шудаанд.
Тоҷикистон дар байни 46 мунтахаби кишварҳои Осиё дар ҷои 22-юм қарор дорад. Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА: 1. Австралия (дар ҷаҳон – 20-ум). 2.Ҷопон (45). 3.Кореяи Ҷанубӣ (47). 4. Эрон (61). 5. Арабистони Саудӣ (66). 6. Баҳрайн (69). 7. Ироқ (80). 8.Чин (84). 9. Уммон (91). 10. Узбакистон (94).

Бояд тазаккур дод, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
XS
SM
MD
LG