Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Қазон


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ дар шаҳри Қазони Тотористон ду медал ба даст оварданд.

Муродҷон Тӯйчиев дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кг мақоми дуввумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Тоҳир Хузягалиев (Русия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар паҳлавони тоҷик дастболо шуд, дар ин вазн ғолиб гардид. Сергей Радукан (Молдова) бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Сӯҳробҷон Ёриев дар вазни то 65 кг мақоми севумро азони худ кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Руслан Нургалиеви тотор ҷои аввал ва Мирзобек Қӯчқорови қирғиз ҷои дуввумро соҳибӣ карданд.

Дар ин сабқати ҷаҳонӣ 60 паҳлавон аз 16 кишвар аз рӯи панҷ дараҷаи вазнҳо (65, 75, 85, 100 ва +100 кг) қувва озмуданд.

Паҳлавонони Русия, ки дар ҳамаи вазнҳо ғолиб шуданд, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб карданд.
XS
SM
MD
LG