Пайвандҳои дастрасӣ

Обама стратегияи амниятии худро муаррифӣ мекунад


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама имрӯз қарор аст, стратегияи нави амнияти миллии худро муаррифӣ кунад. Гуфта мешавад, меҳвари онро бархӯрд бо таҳдидҳои террористие ташкил хоҳад дод, ки аз дохили худи Амрико сар задаанд. Ҳамзамон дар он таъкид хоҳад шуд, ки Амрико худро дар ҳоли ҷанг бо ислом баррасӣ намекунад. Стратегияи амнияти миллӣ барномаест, ки ҳар яке аз раисиҷумҳурҳои Иёлоти Муттаҳида дар давраи раҳбарии худ бояд муаррифӣ кунанд. Санад посух ба таҳдидҳои дигари ҷаҳониро низ дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG