Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи зистмуҳитӣ дар соҳилҳои Халиҷи Мексик


Ҳокими аёлати Луизианаи Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, зиёда аз 160 километри соҳили Халиҷи Мексикро нафт пӯшондааст.Боббӣ Ҷиндол дар ин робита ширкати "Бритиш Петролиум"-ро шадидан танқид кард, ки натавонистааст, пеши роҳи таровиши нафтро бигирад. Вай ҳамчунин аз ниҳодҳои ҳукумати федероли Амрико интиқод кард, ки хеле дер ба фалокат расидагӣ кардаанд. "Бритиш Петролиум" ба амалиёти нави пешгирӣ аз бурунрафти нафт сар кардааст ва мегӯяд, ин амалиёти хосест, ки бори аввал дар умқи 1 километру 600 метри қаъри уқёнус амалӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG