Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши сарони додгоҳҳои олии Созмони Шонгҳой дар Душанбе


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии раисони додгоҳҳои олии кишварҳои Созмони Шонгҳой баргузор мешавад. Дар он қарор аст, баробарии ҷинсӣ дар қонунгузории кишварҳои узв ва механизмҳои мубориза бо шиканҷа дар боздоштгоҳҳо баррасӣ шаванд. Ҳамоиши қаблии раисони додгоҳҳои олии кишварҳои узв -- Тоҷикистон, Русия, Чин, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон моҳи сентябри соли гузашта дар Қиризистон баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG