Пайвандҳои дастрасӣ

Афви Байнулмилал хостори адли бидуни сиёсат шуд


Созмони Афви Байнулмилал, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар 159 кишвари ҷаҳонро мустанад кардааст, мегӯяд, ҳукуматҳои тавоно аз рушди адли байнулмилалӣ пешгирӣ мекунанд. Онҳо худро аз қонун болотар мегузоранд ва ҳампаймонҳои худро аз танқидҳои байнулмилалӣ ҳифз мекунанду танҳо дар ҳоле даст ба амал мезананд, ки аз лиҳози сиёсӣ барояшон судманд бошад. Афви Байнулмилал меафзояд, таъқибу фишор ва беадолатӣ дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш дошта, дар натиҷаи холигоҳи адл миллионҳо нафар мавриди зӯроварӣ, таъқиб ва фақр қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG