Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 6 нафар дар таркиши Ставрополи Русия


Бар асари инфиҷор дар шаҳри Ставрополи Русия 6 нафар кушта ва 44 тан захмӣ шудаанд. Як духтарчаи 12-сола низ дар ин ҳамла ба ҳалокат расидааст. Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, вазъи 16 нафар аз захмиён сангин аст. Таркиш дар назди бинои Кохи фарҳанги Ставропол каме пеш аз оғози консерти дастаи рақсии Чеченистон ба вуқӯъ пайваст. Рустам Исаев, як шоҳиди воқеа мегӯяд:

"Мо мехостем ба консерт дароем ва тақрибан дар фосилаи 15 ё 20 метр аз таркииш қарор доштем. Таркиш садо дод ва дидем, ки мавҷи он одамонро ба ҳар сӯ партофт. Мо захмиёнр дидем. Инфиҷор аз паҳлу буд. Он ҷо қаҳвахонаи "Аквариум" ҳаст ва таркиш аз ҳамон самт омад. Аммо аз берун, на аз даруни бно, балки маҳз аз берун."

Нерӯи инфиҷор ба 200 грамми тротил баробар дониста шудааст. То ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин бомбагузориро бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG