Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Маскав ба "сафсатагӯӣ"-и Аҳмадинажод


Сергей Приходко, мушовири аршади Кремл дар умури сиёсати хориҷӣ, имрӯз интиқодоти раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро радд кард ва гуфт, ки ӯ бояд аз “сафсатагӯиҳои сиёсӣ” худдорӣ кунад. Аҳмадинажод имрӯз аз Амрикову Русия даъват кард, аз муомилаи Эрону Туркияву Бразилия пуштибонӣ кунанд. Аҳмадинажод ҳушдор дод, ки ин муомилаи ҳафтаи гузашта имзошуда охирин шонси ҳалли баҳси ҳастаист. Ӯ аз ҷумла аз ҳамтои русаш Дмитрий Медведев даъват кард, ки мавқеъи пуштибониаш аз Вошингтонро бознигарӣ кунад.
Давлатҳои Ғарб пешниҳоди дар ивази сӯхти ҳастаӣ ба Туркия таҳвил додани беш аз нисфи ураниуми андак ғанишудаи Эронро чандон напазируфтанд, чунки Теҳрон гуфт, ки ба ғанисозии ураниум дар сатҳи баландтар идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG