Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон “YouTube”-ро қисман боз хоҳад кард


Покистон имрӯз гуфт, дастрасӣ ба сомонаи интернетии “YouTube”-ро қисман боз хоҳад кард, вале дастрасӣ ба видеоҳои сомонаи иҷтимоии “Facebook” ва ҳам “YouTube”-ро, ки ҳукумати Покистон ононро барои мусалмонон таҳқиромез мешуморад, масдуд боқӣ хоҳанд монд. Дар ҳафтаи гузашта як саҳифаи “Facebook” аз корбарон кашидани тасвири пайғамбари Ислом Муҳаммад(с)-ро дархост кард, ки мояи эътирозҳои саросарӣ гардид ва давлати Покистонро маҷбур ба бастани ин сомонаи маъруфи иҷтимоӣ кард. Наҷибуллоҳ Малик, дабири вазорати фанновариҳои иттилоотии Покистон гуфт, тасмим дар мавриди “Facebook” дар ҷараёни мурофиае, ки қарор аст, дар поёни моҳи ҷорӣ доир шавад, гирифта хоҳад шуд. Аксари мусалмонон кашидани расми пайғамбари Исломро куфр медонанд.
XS
SM
MD
LG