Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дифоъ аз наркобарон дар Ямайка 44 кушта ба ҷо гузошт


Шумори қурбониёни задухӯрди миёни нирӯҳои амниятии Ямайка ва ҷангиёни марбут ба як наркобарони маҳаллӣ ба 44 нафар расид. Сарвазири Ямайка Брюс Голдинг дар пай хостори барқарории назму тартибот дар пойтахт, шаҳри Кингстон шуд. Амрико истирдоди Кристофер “Дудус”, раҳбари як шабакаи қочоқбари маводи мухаддир дар Ямайкаро тақозо дорад. Давлати Ямайка ба истирдоди ӯ ризоият дод, вале тарафдоронаш ба ҳимояти Дудус бархоста, дар кӯчаҳо сангар сохтанд. Рӯзи сешанбе амалиёти ҷустуҷӯи Дудус дар Триволӣ Гарднз, як гӯшаи пойтахти Ямайка ба задухӯрдҳои сангину пурқурбонӣ печид.
XS
SM
MD
LG