Пайвандҳои дастрасӣ

Иёлоти Муттҳаидаи Амрико Кореяи Шимолиро ҳушдор дод, ки аз тавтеаву таҳдид даст бикашад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба ҳодисаи ғарқшавии киштии ҳарбии Кореяи Ҷанубӣ вокуниш нишон диҳанд.

Ҳушдори Амрико аз ҷониби вазири хориҷии ин кишвар Ҳиллари Клинтон дар Сеул пахш шуд. Сафари Клинтон ба Сеул ба хотири ибрози ҳамдилӣ ба Кореяи Ҷанубӣ дар пасманзари муқовимати ахирӣ бо Кореяи Шимолӣ ҷараён гирифт.

Вазири хориҷии Амрико Ҳиллари Клинтон гуфт, ки дар баҳси рӯ ба густариши ғарқ шудани киштии ҳарбии Кореяи Ҷанубӣ аз тарафи Коеяи коммунистӣ қотеъона аз аввалӣ пуштибонӣ мекунад.

Киштиро кӣ ғарқ кард?

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ бо ҳамтои худ аз Кореяи Ҷанубӣ Юу Маюнг Ҳван чунин гуфт: “Сарнавишти кишварҳои мо пайванди даҳсолаҳоро дорад. Мо шаст сол боз бо ҳам эҳтиёткорона аз сулҳу амният дар нимҷазираи Корея ва умуман дар минтақа нигаҳбонӣ кардаем. Барои Иёолоти Муттҳаидаи Амрико амният ва истиқлолияти Кореяи Ҷанубӣ масъулияти муқаддас ва садоқат аст."

Ба гуфтаи хонум Клинтон комилан рӯшан аст, ки дар таъихи 26 уми май киштии Кореяи Ҷанубиро торпедои киштии зериобии Кореяи Шимолӣ ба суқут маҷбур карда 46 кушта бар ҷой гузоштааст.

Ӯ афзуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ масъул аст, ки дар баробари ин тавтеъаи ғайриқобили қабул вокуниш кунад.

Дар навбати худ Кореяи Шимоли масъулияти ғарқ шудани киштии Чеонанро бар дӯш нагирифт ва гуфт ҳамагуна равобит бо Кореяи Ҷанубиро қатъ мекунад.

Телевизиони Кореяи Шимолӣ хабари мазкурро ин гуна тақдим кард: "Кумитаи ҳамоиши осоиштаи Корея расман эълон мекунад, ки сар аз ҳоло тамоми чораҳо ҷиҳати мутавақиф шудани равобити кореягиҳо, қатъномаи адами ҳуҷум ба якдигар байни Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ ва ҳамкории байни ду Корея рӯи даст гирифта мешавад."

Ҳамзамон Кореяи шимолӣ бо пахши як изҳороти зиёдаравона президенти Кареяи Ҷанубӣ Ли Миян Бак ва ҳукумати ӯро "маниакҳои мухолифаткор" "чоплусҳо" ва "оташафӯзони ҷанг" хондааст.

Дархости Клинтон аз Чин

Сафари Вазири Хориҷаи Амрико Ҳиллари Клинтон ба Сеул ба думболи боздиди ӯ аз Чин сурат гирифт. Клинтон аз мақомоти Чин даъват кард, ки дар баробари шарики наздики худ Кореяи Шимолӣ мавқеъи оштинопазир бигирад.

Пекин то ҳол худро бо баёнияҳои нарм маҳдуд кадааст, ва мегӯяд аз ҳодисаи ғарқ шудани Чеонан иттилои кофӣ надорад ва таъкид мекунад, ки гуфтушунид аз муқовимат беҳтар аст.

Бо вуҷуди ин Ҳиллари Клинтон гуфт, ки ба ҳамкории Чин дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали муттҳаид, ки Кореи Ҷанубӣ қазияи Чеонанро ба онҷо интиқол медиҳад, итминон дорад.

"Қатъи ҳамкорӣ ҳанӯз ҳарза аст"

Дар ҳоле, ки Кореяи Шимолӣ аз мутаваққиф шудани тамоми равобит бо Кореяи Ҷанубӣ хабар додааст, боз ҳам тибқи хабарҳои ахир парки саноатии Каесонг, ки дар он 120 ширкати хурду миёнаи Кореяи Ҷанубӣ бо 40 ҳазор коргари Кореяи Шимолӣ ҳанӯз фаъолият дорад.

Ин бунгоҳи Саноатӣ манбаъи даромади Кореяи Шимолии бебизоат аст ва таҳлилагрон мегӯянд, то замоне, ки ин бунгоҳ фаъол аст, таҳдиди Кореяи Шимолиро метавон ҳарза пазируфт.
XS
SM
MD
LG