Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯсо Асозода, раиси созмони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ба таври довталабона аз мақомаш канор рафт.

Мӯсо Асозода, раиси ҳамакнун пешини созмони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, изҳор дошт, ки қарори истеъфо аз мансабро мустақилона ва бидуни кадом фишор ва ё ишора аз сӯи роҳбарони болоӣ қабул кардааст.

Ҷаноби Асозода дар сӯҳбате бо «Озодӣ» тасмими канораравии худ аз ин вазифаро хоҳиши шахсӣ унвон кард, вале коршиносон ва таҳлилгарони масоили сиёсӣ дар паси ин тасмим мавҷудияти авомил ва ангезаҳои дигарро рад намекунанд.

То кунун ҳеҷ яке аз мақомоти ҲХДТ, ки раёсати онро раисҷумҳури Тоҷикистон бар ӯҳда дорад, довталабона, аризаи рафтан аз корро нанавиштааст ва иттифоқоте, ки бо Мӯсо Асозода рух дод, бори аввал сурат мегирад.

Мӯсо Асозода яке аз фаъолони ҲХДТ аст, ки аз тӯли беш аз даҳ соли ахир дар вазифаҳои мухталифи раҳбарии он кор кардааст. Ӯ то соли 2007 замоне, ки раёсати бахши ин ҳизб дар шаҳри Душанберо бар ӯҳда бигирад, раҳбари дастгоҳи иҷроияи ин ҳизб буд. Аз ин рӯ, даст кашидани ӯ аз мақоми раиси ин созмон дар шаҳри Душанбе, сару садоҳои мухталиферо ба бор овардааст.

Сиёсатшиносон бовар надоранд

Коршиносон ва таҳлилгарони ҷараёноти сиёсӣ дар кишвар мӯътақиданд, ки истеъфои Асозода ангеза ва заминаҳое дорад, ки мақомоти ин ҳизб намехоҳанд онро ифшо созанд.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, Асозода ва чанде дигар аз масъулони пешини ҲХДТ дар шумори нафароне қарор доштанд, ки ҳоло ин афрод аз мақомоти ҳизбӣ дур карда мешаванд. Оқои Мамадазимов бар ин назар аст, ки дар ҲХДТ ду гурӯҳ - яке гурӯҳи барои ғоя ва ормонҳои он содиқ ва дигар гурӯҳи манфиатхоҳ, ки аз ҳизб бештар судҷӯӣ мекунанд, амал мекунанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгар аз маркази таҳлилии «Диалог», тасмими довталабона аз мақоми ҳизбӣ канор рафтани Мӯсо Асозодаро бепоя мехонад. Ба гуфтаи ӯ, довталабона даст кашидан аз раёсати созмони ҳизбе, ки раёсати онро раисҷумҳур бар дӯш дорад, барои мақомдори Тоҷикистон як кори хеле сахт ва ҳатто нашуданист.

Аз сӯи дигар, мегӯяд ҷаноби Сайфуллозода, худи Асозода аз афроди ангуштшумор дар ҲХДТ аст, ки аз изҳори андеша ва назарҳои интиқодӣ парҳез намекард.

Идомаи ислоҳот?

Дар ҳамин ҳол, Сафар Сафаров, муовини аввали раиси ҲХДТ, гуфт, Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳамвора дар пайи ҷалби афроди шоиста ва сазовор ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз аст. Аз ин рӯ, ҳарчанд роҳбарияти ҲХДТ аз фаъолияти ҷаноби Асозода норозигӣ баён накардааст, аммо таҳлили раванди интихоботи парлумонии соли ҷорӣ водор мекунад, ки сиёсат бо талаботи рӯз мутобиқ сохта шавад.

Ислоҳот дар дохили ҲХДТ дар арафаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли ҷорӣ сурат гирифта буд. Бар асоси он, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Абдумаҷид Достиев аз вазифаҳои муовинони раиси ҳизб барканор шуда буданд.

Дар ҳоли ҳозир, ин ҳизб 120 ҳазор нафарро дар атрофи худ муттаҳид карда ва бо ишғоли аксари кулли курсиҳои ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон бонуфузтарин созмони сиёсии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG