Пайвандҳои дастрасӣ

Пастереллёз 12 000 сайгаро дар Қазоқистон кушт


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, бемории сироятии пастереллёз мунҷар ба ҳалокати тақрибан 12 000 оҳуи навъи сайга дар ин кишвар шудааст. Серик Имонқулов, раҳбари бахши беҳдорӣ дар ғарби Қазоқистон талафоти чунин теъдоди бузурги оҳувонро “фоҷиаи бузург” ва “фалокати табиӣ” унвон кард.
Ин навъи оҳу асосан дар Русияву Қазоқистон ва Туркманистону Узбакистон ба сар мебарад. Саршумори оҳувони сайга дар солҳои 90 дар ҳудуди 1 миллион сар рақам зада мешуд, вале акнун то ба ҳадди 50 000 коҳиш ёфтааст. Сайгаҳоро асосан барои гӯшту шохҳояш, ки дар тибби чиноӣ фаровон истифода мешавад, шикор мекунанд.
XS
SM
MD
LG