Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия силоҳро ба шарикони худ арзонтар мефурӯшад


Русия гуфтааст, омода ҳаст, таслиҳоташро ба шарикони худ дар Паймони амнияти дастаҷамъӣ бо қиматҳои пойинтар бифурӯшад. Эсен Топоев, вазири собиқи дифоъи Қирғизистон ва мушовири мудири кулли ширкати давлатии “Рособоронэкспорт”, имрӯз дар ифтитоҳи намоишгоҳи таслиҳоти низомии мавсум ба “КАДЕКС-2010” дар Остона, пойтахти Қазоқистон гуфт, ин ширкат ба кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷмъӣ нафақат таслиҳоти худ бо нархи арзонтарро пешниҳод мекунад, балкӣ ҳамчунин хостори таъсиси барномаҳо ва корхонаҳои муштарак бо ин кишварҳост. Паймони амнияти дастаҷамъӣ 7 кишвари шӯравии собиқ - Русияву Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG