Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисони додгоҳҳои СҲШ дар Пуғуз гирди ҳам меоянд


Рӯзи 29 май дар мавзеъи Пуғузи дараи Варзоб ҷаласаи панҷуми раҳбарони Додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) доир хоҳад шуд. Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон таъмини баробарҳуқуқии ҷинсӣ дар қонунгузории кишварҳои узв ва шеваҳои қонунии мубориза бо шиканҷаро аз мавзӯъи аслии нишасти имсола ном мебарад.
Созмони ҳамкориҳои Шанхай Чину Русия ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Нишасти қаблии раисони додгоҳҳои олии ин 6 кишвар дар моҳи сентябри соли гузашта дар Чолпон-Отаи Қирғизистон доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG