Пайвандҳои дастрасӣ

Ниёз ба матбуоти русӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст


Бар асоси назарсанҷие, ки дар миёни раҳбарони нашрияву маҷаллаҳои русии чопи Душанбе доир кардаанд, талабот ба матбуоти русӣ дар Тоҷикистон назар ба 10 соли пеш коҳиш ёфтааст. 54 дарсади пурсидашудагон чунин назар доштаанд.
Ба бовари 30 дарсад, иллати коҳиши талабот ба нашрияҳои русӣ аз кишвар рафтани қишри босавод аст. 27 дарсад аз даст рафтани фарҳанги мутолиаи рӯзномаҳо, 23 дарсад коҳиши эътимоди мардум ба матбуот ва 13 дарсад қонуни забонро, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод, далел овардаанд.
29 дарсади пурсидашудагон вуҷуди таҳдиди барҳам хӯрдани нашрияи зери назари худро воқеъӣ хонда ва танҳо 15 дарсад ба ояндаи худ дар саҳнаи матбуоти Тоҷикистон мутмаин будаанд. Натоиҷи ин назарсанҷӣ дар як анҷумани илмии махсуси мушкилоти матбуоти русизабон дар Душанбе эълон шуд.
XS
SM
MD
LG