Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 200 миллион доллар хоҳад дод


Бонки ҷаҳонӣ стротежии нави ҳамкориаш бо Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013-ро баррасӣ кардааст, ки ироаи 140 миллион доллар тавассути Иттиҳодияи рушди байналмилалӣ ва 62 миллион доллари дигар аз тариқи сандуқҳои дигари молиро дар назар дорад. Мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Моту Конишӣ гуфтааст, Тоҷикистон дар роҳи ҳимояти мардумаш аз пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ ба мушкилоти бузурге рӯбарӯст ва Бонки ҷаҳонӣ ба соҳоти авлавиятноки рушди Тоҷикистон, аз ҷумла такмили низоми идорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя кӯмак хоҳад расонд. Бонки ҷаҳонӣ аз соли 1993 ба Душанбе беш аз ним миллиард долар қарзу кӯмакҳои билоиваз ироа карда, аз кӯмакрасонҳои умдаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG