Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷадвали нави ФИФА: Бразилия - якум, Тоҷикистон - 135-ум


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА, Иттиҳодияи футболи ҷаҳонӣ, дар ҳамон мақоми 135-ум, ки як моҳ пеш буд, боқӣ мондааст. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ аз ду кишвари Осиёи Марказӣ -Туркманистону Қирғизистон болотар ҷой гирифта, вале аз Узбакистону Қазоқистон ақиб мемонад. Аз байни кишварҳои шӯравии собиқ болотарин мақомро тими Русия дорад, ки дар зинаи 11-уми ҷадвали ФИФА ҷой гирифтааст. Ин охирин раддабандии ФИФА қабл аз шурӯъи мусобиқоти марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонист, ки 11 июн дар Африқои ҷанубӣ оғоз мешавад. Панҷгонаи аввали ФИФА бидуни тағйир боқӣ монда, тимҳои Бразилия, Испания, Португалия ва Ҳолланду Итолиёро дар бар мегирад.
Олмону Аргентина ва Инглистону Фаронсаву Хорватия 5 мақоми баъдии ин ҷадвалро ба худ ихтисос додаанд.
XS
SM
MD
LG