Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон аз Бонки ҷаҳонӣ 1 миллиард $ мегирад


Бонки ҷаҳонӣ ба манзури тақвияти будҷаи давлатиаш ба Қазоқистон 1 миллиард доллар қарз хоҳад дод. Моту Конишӣ, мудири Бонки ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, тасвиби ин барномаи мавсум ба “Қарзи марбут ба сиёсати рушд” баёнгари эътимоди ин ниҳоди молӣ ба “масири сиёсат ва ислоҳоти иқтисодӣ”-и давлати Қазоқистон аст.
Бонки ҷаҳонӣ мизони рушди иқтисоди Қазоқистонро барои соли равон дар ҳудуди аз 1,5 то 2 фоиз пешбинӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG