Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набардҳои пурқурбонӣ дар пойтахти Ямайка


Сарвазири Ямайка Брюс Голдинг дар пайи ҳалокати дастикам 31 нафар дар ҷараёни амалиёти густарда алайҳи раҳбари як шабакаи қочоқбарони маводи мухаддир хостори барқарор кардани назму тартибот дар пойтахт, шаҳри Кингстон шуд. Голдинг гуфт, ҳукуматаш аз чунин талафоте, ки ҳамлаи рӯзи сешанбеи нирӯҳои амниятӣ алайҳи ҷангиёни марбут ба наркобарон Кристофер “Дудус” ба бор овард, изҳори таассуфи амиқ мекунад. Амрико “Дудус”-ро ба қочоқи маводи мухаддир айбдор карда, истирдоди ӯро тақозо дорад.
Давлати Ямайка ба истирдоди ин наркобарон ризоият дод, вале тарафдорони ӯ дар кӯчаҳо сангар сохта, ба ҳимояти Дудус бархостанд. Рӯзи сешанбе амалиёти ҷустуҷӯи ин наркобарон дар минтақаи боғистонҳои Тиволии пойтахти Ямайка ба задухӯрдҳои сангину пурқурбонӣ печид.
XS
SM
MD
LG