Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киров ҳайкали Сахаровро хоҳанд гузошт


Дар шаҳри Кирови Русия, дар назди сохтмони маҳбас ва маъбади шаҳр пайкараи Андрей Сахаров, донишманд ва фаъоли маъруфи ҳуқуқи башарро хоҳанд гузошт. Ин пайкараи биринҷӣ “Пайкараи марди бовиҷдон” ном дошта, маҳсули дасти ҳайкалтарош Григорий Пототский мебошад. Сахаров дар ин пайкара рӯи кате рӯ ба сӯи маъбад ва пушт ба сӯи маҳбас нишастааст. Академик Сахаров аз маъруфтарин дигарандешонест, ки бо вуҷуди унвони баланди илмӣ ва се нишони Қаҳрамони кори сусиёлистӣ алайҳи султаи Шӯравӣ садо баланд карда буд. Ҳамсари Сахаров Елена Боннер мухолифи дар Русияи кунунӣ гузоштани пайкараи шавҳараш буд ва ба ин далел, исми пайкараро иваз карданд.
XS
SM
MD
LG