Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани "Об барои ҳаёт" мунтазири 500 меҳмон аст


Кумитаи тадорукоти анҷумани байналмилалии “Даҳсолаи “Об барои ҳаёт” гуфт, ки намояндагони 50 кишвар ва беш аз 50 созмони байналмилалӣ азми худ барои ширкат дар ин ҳамоишро таъйид кардаанд. Анҷумани “Об барои ҳаёт”, қарор аст, таҳти сарпарастии СММ аз 8 то 10 июн дар Душанбе доир шавад. Интизор меравад, ки дар маҷмӯъ дар ин нишаст то 500 меҳмони хориҷӣ, аз ҷумла 20 вазир ва 2 ноиби сарвазир, ширкат биварзанд. Ҷараёни иҷрои аҳдофи Даҳсолаи “Об барои ҳаёт”, ки СММ барои солҳои 2005-2015 эълон кардааст, як мавзӯъи аслии баррасӣ дар анҷумани Душанбе хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG