Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҳизби асосии мухолифи ҳукумати Туркия – Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявӣ иваз шуд. Камол Қиличдороғлу ҷойгузини Дениз Байкал шуд, ки баъд аз пахши як сабти видеоӣ оид ба робитаи маҳрамона ба ёвараш, аз раёсати ҳизб истеъфо дод.

Раҳбари нави ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявӣ, ки миёни мардум барои оромиву шикастанафсияш ҳамчун “Гандӣ Камол” маъруф аст, ваъдаи дубора сари қудрат овардани ҳизбро кардааст. Гуфта мешавад, тайи ҳамагӣ чанд рӯз Камол Қиличдороғлу - як корманди пешин ва на он қадар маъруфи ҳукуматӣ ба рамзи умедвориҳои ҳизбе табдил шуд, ки чанд даҳсола боз аз имкони раҳбарӣ ба кишвар маҳрум мондааст. Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявӣ тақрибан 90 сол пеш аз сӯи Мустафо Камол Отатурк, поягузори давлатии феълии Туркия, таъсис шуда буд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, интихоби Камол Қиличдороғлу дар мақоми раиси ҳизб рӯи тафси баҳсҳо дар робита ба нашри сабти видеоӣ дар бораи робитаи маҳрамонаи Дениз Байкал бо котибааш оби сард рехт. Акнун баҳсҳо дар ҷомеъаи Туркия сари он мавзӯъ аст, ки то куҷо раиси нав тавони аз бӯҳрони феълии сиёсӣ берун кашидан ва то ба садри кишвар овардани яке аз бузургтарин аҳзоби сиёсии кишварро дорад.

УМЕДИ ҲИЗБ


Бештари шореҳон ва коршиносон ба тавонмандии Қиличдороғлу шубҳае надоранд. Ба гуфтаи онҳо, тайи солҳои ахир Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявӣ аз ғояҳои сотсиал-демократӣ дур шуд ва ба як ҳизби миллатгаро табдил гардид. Бештари мардуми кишвар раиси пешини ҳизб Дениз Байкали 71-соларо ҳамчун монеъае дар роҳи ислоҳот мехонданд. Дар суханронии пур аз эҳсосот дар анҷумани ҳизб Қиличдороғлу ваъда дод, ки ҳизб дар интихоботи навбатии парлумонӣ аз болои ҳизби ҳукмрони Адолат ва тараққиёти сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон пирӯз ва ба ҳаққи раҳбарии кишвар муваффақ хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки муборизаро алайҳи фасод дар кишвар тақвият хоҳад бахшид.

Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, ки худи Дениз Байкал саҳнаи сиёсиро тарк гуфтанӣ нест. Ҳатто ҷонибдорони Қиличдороғлу эътироф мекунанд, ки раиси нав дар роҳи пиёда сохтани ислоҳот дар ҳизб ба таҷрибаи 19-солаи раҳбарии Дениз Байкал ниёз хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG