Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба додгоҳ рафтани парвандаи ду скинҳед дар Обнинск


Парвандаи ду сокини 19-солаи шаҳри Обнински Русия, ки ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар заминаи адовати қавмӣ муттаҳам мешаванд, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Тафтишот мегӯяд, ин афрод ба як гурӯҳи сартарошидаҳои қавмгаро марбут буда, дар моҳи августи соли гузашта як муҳоҷири тоҷикро то мурдан латукӯб кардаанд.
Қаблан ин ду нафар бо ҷурми латукӯби як муҳоҷири дигар ҳукми шартии зиндон низ гирифта будаанд.
XS
SM
MD
LG