Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи роҳи оҳани Мазори Шариф-Хайратон


Рӯзи 25 май дар Хайратони Афғонистон дар ҳузури раиси Бонки осиёии рушд Харухико Курода расми ифтитоҳи роҳи оҳани Мазори Шариф-Хайратон баргузор шуд. Ин роҳи оҳани 75-километрӣ маркази тиҷории шимоли Афғонистонро бо марзи Узбакистон мепайвандад. Оқои Курода ифтитоҳи ин масирро дар амри мусоидат ба рушди тиҷорат ва интиқоли зудтари кӯмакҳои лозими башарӣ муҳим хонд.
Эҳдоси роҳи оҳани Мазори Шариф-Хайратон бар пояи 165 миллион доллар сармоягузории Бонки осиёӣ сурат гирифта, бояд то поёни соли ҷорӣ такмил шавад.
XS
SM
MD
LG