Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон монеъи транзити вагонҳои НАТО шудааст?


Мақомоти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, Узбакистон монеъи транзити садҳо вагони ҳомили борҳои лозим барои таъмини нирӯҳои паймони низомии НАТО дар Афғонистон шудааст. Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, то имрӯз дар қаламрави Узбакистон тақрибан 300 вагони ҳомили борҳои марбут ба нирӯҳои эътилофӣ банд шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, ки бахши аъзами ин вагонҳо ҳомили сӯхти рекативӣ(керосин) ва маводи сохтмонист.
Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки Узбакистон аз 22 май транзити вагонҳо ба вилояти Хатлонро манъ кардааст. Қазияи вагонҳо миёни Душанбеву Тошканд беш аз 3 моҳ боз идома дорад. Тоҷикистон ҷамъи вагонҳои ҷамъшудааш дар кишвари ҳамсояро беш аз 2200 мегӯяд.
XS
SM
MD
LG