Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар бозии севумаш дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд аз тими Австралия бо ҳисоби 4:5 мағлуб гашт, аз идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқа маҳрум шуд.

Ёдовар мешавем, футболбозони тоҷик дар ду бозии пешин дар гурӯҳи «В» аз тими Эрон бо ҳисоби бузурги 2:19 шикаст хӯрда, бар тими Кувайт бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуда буданд.

Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар бозии охирин бо тими Австралия мо хеле хуб бозӣ кардем ва имкони пирӯз шуданро доштем, то ба охир мубориза бурдем, вале корамон омад накард. Оқои Камолиддинов афзуд: «Гурӯҳи мо хеле вазнин буд. Тими Эрон на танҳо дар гурӯҳи мо, умуман, дар ин мусобиқа муддааии аслии унвони қаҳрамони футзали Осиё мебошад. Инчунин дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Тайланд, Қирғизистон ва Узбакистон низ барои медалҳои мусобиқа талош хоҳанд кард».

Ба ин тартиб мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 10-17) дар гурӯҳи худ дар ҷои севум қарор гирифт.

Тими Эрон, ки дар ҳамаи се бозӣ ғолиб шуд, бо 9 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 35-5) мақоми аввалро касб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Инчунин дастаи Австралия, ки бо 6 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 12-15) дуввум шуд, ба даври баъдӣ роҳхат гирифт. Дастаи Кувайт бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш 5-15) дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Ёздаҳумин давраи ин мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Узбакистон бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ доир гардид. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 27-уми май дастаҳои зерин бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард:
Тайланд – Чин, Ҷопон – Қирғизистон, Узбакистон – Австралия, Эрон – Лубнон.

Мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Узбакистон то 30-юми май идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG