Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти ду кӯдак бар асари хӯрдани гиёҳи заҳролуд


Ду кӯдак бар асари заҳролудшавӣ дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики минтақаи Кӯлоб ба ҳалокат расидаанд. Масъулин мегӯянд, ки ин ду наврас бо эҳтимоли зиёд бар асари хӯрдани навъи гиёҳе заҳролуд шудаанд.

Гисматулин Комил, мувоини сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик мегўяд, Бобоева Мунираи 4 сола ва Меҳронаи Чилахони 3 сола ҳангоми истеъмоли балғуз ном як рустании заҳрноки баҳорӣ, заҳролуд шудаанд. Онҳо зимни интиқол ба беморхона дар роҳ ҷон додаанд.

Ба гуфтаи ў, ин рустанӣ дар моҳҳои апрел ва май дар кўҳистони минтақаи Кўлоб мерўяд, ки заҳри қотил дорад.

Ӯ мегўяд, ин чаҳорумин ҳодисаи заҳролудшавии сокинон дар ноҳияи Темурмалик маҳсуб мешавад. Қаблан ба гуфтаи ў, ду зани дигар қасдан худро заҳролуд намуда, кушта буданд.

Соли гузашта низ як навараси дигар дар деҳаи Сангпари Кўлоб аз истеъмоли чунин рустанӣ ҳалок шуда буд.

Се моҳ қабл низ дар ноҳияи Мўъминобод як хонавода бар асари истеъмоли консерви бойимҷони вайрон шуда, заҳролуд гашта ба ҳалокат расида буд.
XS
SM
MD
LG