Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори президенти Тоҷикистон бо доварони нав


Раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо онҳое, ки ба мақоми довар ва вазифаҳои дигар дар низоми додгоҳии кишвар таъин шудаанд, мулоқот ва онҳоро ба таъмини адолати додгоҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон даъват кард. Вай бо ишора ба 15 зане, ки ба чунин вазифаҳо таъин шудаанд, изҳори умедворӣ кард, ки сафи бонувон дар байни кормандони додгоҳ ва адлия афзоиш хоҳад ёфт. Онҳое ки бори аввал ба вазифаи довар таъин гаштанд, дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон савганд ёд карданд. Бино ба қонунҳои Тоҷикистон додварони тамоми сутуҳро худи раисиҷумҳур таъин мекунад.
XS
SM
MD
LG