Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сармояи саҳмияҳои Роғун ба 818 миллион сомонӣ расид


Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон то 20-уми майи соли равон ба маблағи қариб 818 миллион сомонӣ саҳмияи Роғун фурӯхта шудааст. Аммо раванди фурӯши саҳмияҳо нишон медиҳад, суръати фурӯши онҳо ба маротиб коҳиш ёфтааст. Мақомоти Тоҷикистон ахиран изҳор доштаанд, ки барои истифодаи босамари маблағҳое, ки аз фурӯши саҳмияҳо ҷамъ омадаанд, озмун эълон хоҳанд кард. Фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба аҳолӣ аз 6-уми январи соли равон оғоз ёфта буд.
XS
SM
MD
LG