Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон аз интихоботи Қарабоғи кӯҳӣ ситоиш кард


Ҳукумати Арманистон аз интихоботи порлумонии минтақаи Қарабоғи кӯҳӣ истиқбол кард. Вазири умури хориҷии Арманистон Эдуард Налбандян интихобот эътирофи ҳаққи мардум ба таъини сарнавишти худ буд. Вай гуфт, зиёда аз 50 нозири байнулмилалӣ ҷараёни интихоботро мушоҳида карданд. Аммо мақомоти Озарбойҷон аз баргузории ин интихобот шадидан интиқод карданд ва онро хилофи қонунҳои байнулмилалӣ ҳам қонуни асосии Озарбойҷон номиданд. Қарабоғи кӯҳӣ, ки аҳолияш асосан аз арманҳо иборат аст, ба дубмоли ҷанги хунин ва ҳалокати наздик ба 30 ҳазор нафар аз Озарбойҷон ҷудо шуд ва соли 1994 оташбаси муваққатро ба имзо расонд.
XS
SM
MD
LG