Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи муҳоҷири тоҷик ба президенти Русия


Раиси ҷумбиши умумирусиягии муҳоҷирони кории Тоҷикистон, Каромат Шарифов дар қатори 62 нафар аз тариқи рӯзномаи "Труд"-и чопи Маскав ба раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев муроҷиат кард. Дар ин нома, ки "Труд" ба нашр расондааст, Шарифов аз президенти Русия дархост кардааст, андози даромади муҳоҷиронро ба андози шаҳрвандони Русия баробар кунад. Вай навиштааст, дар ҳоле ки муҳоҷирон музди худро бо кори пурмашаққат ба даст меоранд, 30 дарсад андоз медиҳанд ва шаҳрвандони Русия ҳамагӣ 13 дарсад. Каромат Шарифов ҳамчунин аз президент Медведев хоҳиш кардааст, корфармоёне, ки муҳоҷиронро фиреб медиҳанд, ҷазои сахт гиранд ва инчунин барои нафақаи муҳоҷирон хазинаҳои иҷтимоӣ таъсис ёбанд.
XS
SM
MD
LG