Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Бритониё ба афзудани фишор рӯи Эрон даъват кард


Сарвазири Бритониё Дейвид Камерон гуфт, Ғарб бояд фишор ба Эронро афзоиш диҳад, зеро ҳамаи далелҳо баёнгари инанд, ки Эрон дар ҳоли расидан ба силоҳи ҳастаист. Изҳороти Камерон акси садои изҳороти қаблии вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон аст, ки созиши ахири Эрон бо Бразилия ва Туркияро дар мавриди табодулаи сӯхти ҳастаӣ як бозии ошкори Теҳрон барои гурехтан аз таҳримҳои нави Шӯрои Амният номид. Бо вуҷуди ин созиш Иёлоти Муттаҳида тарҳи таҳримҳои навро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG